ОҒОЗИ ОВОЗДИҲӢ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №9 НАЗДИ ДДТТ

Бинанда: 514 | Санаи нашр: 02 Март 2025

2 марти соли 2025 соати 06:00 (бо вақти маҳаллӣ) дар участкаи интихоботии №9, ки назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) ҷойгир аст, овоздиҳӣ барои интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Интихобот на танҳо як раванди ҳуқуқӣ, балки омили муҳим дар ташаккули низоми давлатдории демократӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ?? мебошад.

Вақте ки шаҳрвандон бо масъулияти баланд дар интихобот иштирок мекунанд, онҳо дар таҳкими суботи сиёсӣ, рушди устувори кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳуқуқи интихоботӣ яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи демократӣ буда, иштироки фаъолонаи мардум дар он кафили рушди ояндаи кишвар мебошад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top