МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР ДДТТ

Бинанда: 658 | Санаи нашр: 04 Март 2025

Рӯзи 04.03.2025 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати Рӯзи модар бо иштироки доираи васеи омӯзгорони зан ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни ифтитоҳ бахшида, нахуст бонувону донишҷӯдухтаронро ба муносибати “Рӯзи модар” самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом, оромию осудагӣ ва хушбахтӣ таманно намуд.

Сипас, ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ҳанӯз 16 сол қабл, яъне шурӯъ аз соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол 8-март ҳамчун “Рӯзи модар” ҷашн гирифта мешавад.

Бо шарофати ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд доранд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштаанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судманди зиёдеро амалӣ намудааст.

Аз ин ҷост, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият торафт афзуда, занону бонувони арҷманди мо дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Зан - Модар ягона фардест, ки қудрати инсонофарӣ дошта, ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ бузург мекунад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба инсон меомӯзонад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Модар дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон ба шумор рафта, тамоми ҳастиашро ба фарзанди хеш мебахшад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро мисли ҷони худ дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Дар ҳақиқат модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, сарчашмаи сулҳу саодат, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарон самимона арҷ мегузорем.

Боиси ифтихор аст, ки занону бонувони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо рафтори неку шоиста, андешаи солиму созанда, маҳорату кордонӣ ва фаъолияти назаррасашон дар пешрафт ва ободиву шукуфоии донишгоҳу кишвари азизамон саҳми муносиб доранд.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои назарраси донишгоҳамон дар соли 2024 ин ҳимояи рисолаҳои номзадии 9 нафар омӯзгор мебошад, ки аз ин шумора 4 нафарашонро бонувон ташкил медиҳад. Инҳо Садафмоҳ Ҳамидова, Майсара Қармышева, Ғаюрӣ Раъно ва Гулҷаҳон Бобохоҷаева мебошанд.

Имрӯз бо хушҳолӣ ва қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан, Шумо – занону бонувони донишгоҳ низ ҳиссаи босазо гузошта истодаед. Маҳз меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками Шумо – занони ғайратманд ҳаст, ки донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рӯз то рӯз мавқеи сазоворро соҳиб гардида истодааст.

Изҳори боварӣ менамоям, ки Шумо модарону бонувони азиз, минбаъд низ бо меҳнати босуботу фаъолияти пурсамари хеш дар рушду нумӯи донишгоҳамон саҳми сазовори худро мегузоред.

Дар рафти ҷамъомад як қатор бонувони омӯзгор, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта, ба комёбиҳои назарраси таълимию илмӣ ноил гаштаанд, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” - и донишгоҳ рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомади имрӯза гардид.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top