ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДДТТ НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ МОДАР”

Бинанда: 631 | Санаи нашр: 07 Март 2025

Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

Мо ҳамагон хуб медонем, ки ҳанӯз 16 сол қабл, яъне шурӯъ аз соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол 8-март ҳамчун “Рӯзи модар” ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин, ҳамаи Шуморо аз номи раёсати донишгоҳ ба ифтихори ин санаи муқаддас, яъне “Рӯзи модар” самимона табрику муборакбод мегӯям.

Бо шарофати ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд доранд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштаанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судманди зиёдеро амалӣ намудааст.

Аз ин ҷост, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият торафт афзуда, занону бонувони арҷманди мо дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Зан - Модар ягона фардест, ки қудрати инсонофарӣ дорад. Ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ бузург мекунад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба инсон меомӯзонад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Модар дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон ба шумор рафта, тамоми ҳастиашро ба фарзанди хеш мебахшад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро мисли ҷони худ дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Дар ҳақиқат модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, сарчашмаи сулҳу саодат, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарон самимона арҷ мегузорем.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст.

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин шахсҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд.

Шоёни таҳсину офаринанд, он модароне, ки фарзандони худро барои ҳимоя ва муҳофизати марзу бум ва нигоҳдории оромии сарзамини Ватанамон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мефиристонанд ва ифтихору шукргузорӣ аз он мекунанд, ки фарзанди онҳо имрӯз метавонад, ин вазифаи муқаддаси хешро сарбаландона адо намояд.

Боиси ифтихор аст, ки занону бонувони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо рафтори неку шоиста, андешаи солиму созанда, маҳорату кордонӣ ва фаъолияти назаррасашон дар пешрафт ва ободиву шукуфоии донишгоҳу кишвари азизамон саҳми муносиб доранд.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои назарраси донишгоҳамон дар соли 2024 ин ҳимояи рисолаҳои номзадии 9 нафар омӯзгор мебошад, ки аз ин шумора 4 нафарашонро бонувон ташкил медиҳад. Инҳо Садафмоҳ Ҳамидова, Майсара Қармышева, Ғаюрӣ Раъно ва Гулҷаҳон Бобохоҷаева мебошанд.

Имрӯз бо хушҳолӣ ва қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан, Шумо – занону бонувони донишгоҳ низ ҳиссаи босазо гузошта истодаед. Маҳз меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками Шумо – занони ғайратманд ҳаст, ки донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рӯз то рӯз мавқеи сазоворро соҳиб гардида истодааст.

Изҳори боварӣ менамоям, ки Шумо модарону бонувони азиз, минбаъд низ бо меҳнати босуботу фаъолияти пурсамари хеш дар рушду нумӯи донишгоҳамон саҳми сазовори худро мегузоред.

Бори дигар ҷашни Рӯзи модарро ба Шумо бонувону донишҷӯдухтарон муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, оромию осудагӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top