ОЛИМИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҒОЛИБ ОМАД

Бинанда: 574 | Санаи нашр: 13 Март 2025

Дар шаҳри Астана Озмуни байналмилалии таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва педагогӣ таҳти унвони "Беҳтарин олими ҷавон" баргузор гардид. Дар натиҷаи ин озмун, Амонов Саҳбон Сарватҷонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, раиси Шурои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бо Дипломи дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Ин озмун аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотӣ "Endless Light in Science" баргузор гардида, ҳадафи он ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, рушди фаъолияти таҳқиқотӣ ва саҳмгузорӣ дар илм ва маориф мебошад.

Амонов Саҳбон Сарватҷонович ҳамчун муҳаққиқи фаъол дар соҳаи иқтисод ва ташаккули сиёсати илмӣ миёни олимони ҷавон саҳми арзанда гузошта, тавассути таҳқиқоти худ ба рушди илми иқтисодӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Ин дастовард нишондиҳандаи рушди нерӯи зеҳнии олимони ҷавони тоҷик ва саҳми онҳо дар илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top