ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ

Бинанда: 652 | Санаи нашр: 14 Март 2025

Рӯзи 13.03.2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои таълимии кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди намунавии н.и.и., и.в. дотсент Абдураҳмон Ҳакимзода дар мавзуи “Ташкили савдои биржавӣ” баргузор гардид.

Дар дарси кушод мудири кафедра Абдурашид Мирзоалиев, омӯзгорон Абдумалик Ҳакимов, Файзулло Шамсов, Мавҷуда Ҳикматова, Маҳмадризо Холов ва донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 260202-менеҷмент иштирок намуданд.

Ҳадафи дарс ташаккул додани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён доир ба савдои биржавӣ ва ташкили он муқаррар гардид.

Омӯзгор дар раванди дарс масъалаҳои ташкили савдои биржавӣ, вазъи муосир ва мушкилоти рушди онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бо мақсади фаъолсозии донишҷӯён аз усулҳои фаъоли таълим, воситаҳои муосири техникӣ ва рӯнамо истифода бурд.

Дар ҷараёни дарси кушод алоқамандкунии назария бо амалия дида шуда, мавзуъ ба самти ихтисос пайваст карда шуд, ки он ҷиҳати бедорсозии шавқи донишҷӯён ба илмомӯзӣ мусоидат хоҳад намуд. Дарс бар пояи баланди илмӣ, методӣ ва тарбиявӣ ташкил гардида, мақсад ва вазифаҳои гузоштаи омӯзгор ба иҷро расонида шуд.

Дар фарҷоми дарс саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳо доир ба мавзуъ сурат гирифт, ки ба инкишофи дониши донишҷӯён мусоидат намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top