Рӯзи 13-уми марти соли 2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-методии кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақш ва мақоми барномаи 1С - Муҳосибот дар рушди соҳаи ҳисобдорӣ ва рақамикунонии пешбурди ҳисобдории корхонаҳо» бо иштироки доираи васеи омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисон баргузор гардид.
Мизи мудавварро муаллими калони кафедра Ёқубҷон Мирзоалиев оғоз намуда, оид ба нақш ва мақоми барномаи 1С - Муҳосибот дар рушди соҳаи ҳисобдорӣ ва рақамикунонии пешбурди ҳисобдории корхонаҳо суханронӣ намуд.
Дар рафти баргузории мизи мудаввар фикру мулоҳизаҳои омӯзгорон, мутахассисон ва донишҷӯён доир ба мавзӯи матраҳшуда шунида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини декан оид ба таълим, н.и.и., дотсент Фирӯз Исмоилзода дар музокирот иштирок карда, фикру андешаҳои худро оид ба мавзӯи мизи мудаввар иброз намуд.