13 марти соли 2025, дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон", донишҷӯёни ихтисоси 25010402 - кори бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.
Дар доираи ин сафар, донишҷӯён бо таърихи таъсисёбии корхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти самараноки он шинос шуданд. Намояндагони корхона ба донишҷӯён дар бораи раванди истеҳсолот, назорати сифат ва саҳми ширкат дар рушди иқтисоди миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Ҳамчунин, донишҷӯён аз сехҳои истеҳсолии корхона боздид намуда, бо равандҳои технологӣ ва истеҳсоли нӯшокиҳо аз наздик ошно шуданд.
Сафари мазкур барои донишҷӯён як имконияти нодир буд, то донишҳои назариявии худро бо таҷрибаи амалӣ муттаҳид намуда, бо фаъолияти яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи истеҳсоли нӯшокиҳо аз наздик ошно гарданд. Чунин ташрифҳо дар доираи ҳамкории донишгоҳ бо шарикони стратегӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.