16-уми марти соли 2025 дар толори калони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Фестивали ҷаҳонии ҷавонони “NAVRUZ YOUTH WORLD FESTIVAL” доир гардид, ки дар он донишҷӯён ва ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» як чорабинии байналмилалӣ мебошад, ки ҳадафи он муттаҳид намудани ҷавонони кишварҳои гуногун дар рӯҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор аст. Ин фестивал, ки аз анъанаҳои Наврӯз илҳом гирифтааст, рамзи навсозӣ, ягонагӣ ва сулҳи байни миллатҳо мебошад.
Дар фестивал ҳайати ҷавонони 26 кишвари ҷаҳон, роҳбарияти намояндагиҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони ташкилотҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.