28 марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони "Ҳифзи пиряхҳо, об ва табиат" баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён доир шуд. Ишора гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии захираҳои обӣ барномаҳои муҳимеро қабул намудааст, ки саҳми кишварро дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ нишон медиҳанд.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Машокиров Ҷамшед Нематуллоевич ифтитоҳ намуда, муҳимияти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обро таъкид намуд.
Дар доираи конференсия маърӯзаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъсири омилҳои гуногун ба пиряхҳо ироа гардиданд, аз ҷумла:
• Қодиров Анвар Саидқулович - директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи "Таъсири омилҳои техногенӣ ва табиӣ ба ҳолати гидрологии дарёҳо ва иқлим";
• Зубайдов Саидаҳмад - д.и.и., профессори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ дар мавзӯи "Расчёты плотности тепловых потоков, способствующих таянию ледников и анализ влияющих на них факторов";
• Ғафуров Равшан - магистрант ва омӯзгори Литсейи назди ДДТТ дар мавзӯи "Ташаббусҳои Пешвои миллат – наҷотбахши сайёра";
• Аҳмадова Парвина - омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ дар мавзӯи "Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим".
Дар фарҷоми конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб байни иштирокчиёну маърӯзачиён сурат гирифт.