2-юми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз фанни «Кимиё» идома ёфт, ки дар он 30 нафар донишҷӯёни курси якум ва дуввуми ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ иштирок карданд. Иштироккунандагони озмун сатҳи баланди омодагиро нишон дода, мисолу масъалаҳоро бомуваффақият ҳал карда, малакаҳои баланди амалиро дар соҳаи кимиё намоиш доданд. Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ҳамаи иштирокчиёни озмунро табрик гуфта, муҳиммияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди иқтидори илмии ҷавонон қайд намуд. Пас аз анҷоми озмун натиҷаҳои ба дастовардаи иштирокчиён ба раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ барои муайян кардани ғолиб дар ин номинатсия супорида шуд.