Санаи 08 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳамрайъӣ аз Эъломияи Хуҷанд: дӯстии абадӣ - омили осудаҳолӣ ва рушди кишварҳо” бо иштироки доираи васеи роҳбарони мақомоти давлатӣ, коршиносони соҳа, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини ректори ДДТТ оид ба тарбия Ҳисориева Г.Т., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Маҳмадраҳимзода Ф., директори нашриёти сиёсии ҷумҳуриявии “Ирфон” Абдураҳмонзода А., Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, профессор Казакова У.С. ва омӯзгори донишгоҳ Сафаров У. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Гулнора Ҳисориева – муовини ректор оид ба тарбия меҳмонон ва иштирокдоронро хайра мақдам гуфта қайд намуд, ки ҳамоиши имрӯза дар партави баргузории чорабинии муҳим-саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки санаи 31-уми март дар шаҳри бостонии Хуҷанд сурат гирифт, баргузор мегардад. Мавсуф афзуд, ки музокироти сеҷониба ва маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дорои аҳаммияти баланди сиёсӣ ва таърихӣ мебошад.
Дар идома Маҳмадраҳимзода Ф. - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тазаккур дод, ки дар ин руйдоди фараҳбахши таърихӣ якчанд санадҳои муҳимми таърихӣ аз ҷониби сарони давлатҳо имзо гардид ва иқдоми навбатии башардӯстонаи Пешвои маҳбуби миллати мо дар таърихи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.
Сипас, Абдураҳмонзода А. - директори нашриёти сиёсии ҷумҳуриявии “Ирфон” ёдовар шуд, ки дар таърихи навини Осиёи Марказӣ ин Эъломия назир надорад ва аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ баҳои мусбат гирифт аст.
Ҳамчунин Казакова У.С. - раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аҳаммияти таърихӣ ва сиёсии Эъломияи Хуҷандро барои кишварҳои минтақа возеҳу равшан баён намуд. Инчунин изҳор дошт, ки имрӯз ҳама талошҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро ҳар яки мо пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода бурда тавонем. Маҳз рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории зичи мардумону давлатҳои ҳамсоя дар ҳамаи соҳаҳои манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар фарҷоми ҳамоиш омӯзгори донишгоҳ Сафаров У. суханронии пурмуҳтаво намуда, маърӯзаашро бо ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони се кишвари ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд” ҷамъбаст намуд.
Ҳамоиши мазкур яке аз иқдомҳои муҳимми тарғиботию маърифатӣ ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона байни мардумони минтақа роҳандозӣ шудааст.