ИШТИРОКИ БОНУВОНУ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”

Бинанда: 309 | Санаи нашр: 15 Апрел 2025

Озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, ки дар саросари кишвар аз моҳи феврали соли равон ҷараён дошт, санаи 12.04.2025 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ бо намоиши маҳсули дасти кадбонуҳои соҳибзавқи пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбаст гардид.

Дар ин чорабинӣ бонувону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ бо мақсади нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ фаъолона иштирок намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top