ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ СЕЮМИ МИНТАҚАВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Бинанда: 270 | Санаи нашр: 16 Апрел 2025

Санаи 10 апрели соли 2025 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе Конфронси сеюми минтақавии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (PECA), ки бо дастгирии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон амалӣ мешавад, роҳандозӣ гардид. Дар кори конфронс зиёда аз 160 мутахассиси соҳаи маориф, намояндагони бахши хусусӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Дар рӯзи дуюми чорабинӣ, яъне бахшҳои конфронс аз ҷониби сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ Муҳитдин Ҳамитов ва коршиноси хориҷӣ Айжан Самамбаева аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ лоиҳаи ҳамшарикии байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаев таҳти унвони “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ: ташаббуси муштарак байни Тоҷикистон ва Қазоқистон” муаррифӣ карда шуд. Инчунин, Муҳитдин Ҳамитов ва Айжан Самамбаева дар мавзӯи “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ” барои иштирокчиёни конфронс мастер-класс баргузор намуданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ ҳамчун як платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба, дониш ва натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмӣ-амалӣ миёни коршиносони минтақаи Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва шарикон аз Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top