БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Бинанда: 264 | Санаи нашр: 18 Апрел 2025

Санаи 15.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон даври якуми донишгоҳии озмуни мазкур доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Гулнора Ҳисориева ҳусни оғоз бахшида, ба иштироккунандагони Озмун муваффақият ва нутқи бурро орзу намуд.

Гуфта шуд, ки Озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати миллат, маънавиёти ҷомеа, сатҳи китобхонии ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Дар даври донишгоҳии Озмун 25 нафар омӯзгорону донишҷуён иштирок намуданд.

Тибқи натиҷаи озмун 3 нафар ғолибони даври якум аз рӯи се номинатсия барои иштирок дар даври ноҳиявӣ пешниҳод мегарданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top