КУРСИ ОМӮЗИШИИ РОЙГОН ОИД БА СУҒУРТА

Бинанда: 227 | Санаи нашр: 18 Апрел 2025

Санаи 17-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон курси омӯзишии ройгон «Суғурта: андозбандӣ ва баҳисобгирӣ» бо иштироки мутахассисони соҳаи суғурта ва омӯзгорон оғоз гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Ҷамшед Машокиров курси кутоҳмуддатро кушода, иброз дошт, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсияи ташкилотҳои суғуртавии кишвар бо мақсади такмили донишҳои назариявии кормандони соҳа дар самти масоили андозбандӣ ва муҳосибот тибқи СБҲМ дар ширкатҳои суғуртавӣ ташкил ва баргузор мегардад.

Сипас лектори курс муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Абдукарим Қурбонов рӯнамои худро дар мавзуи “Раванди андозбандии ширкатҳои суғуртавӣ” оғоз намуд.

Дар курси кутоҳмуддат директори ассотсиатсияи кормандони ширкатҳои суғуртавӣ, намояндагони ширкатҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ҶДММ “Муин”, ТС “Такаффул”, ТС “Меҳнат”, ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ва омўзгорони кафедраҳои молия, андоз ва андозбандии донишгоҳ ширкат намуданд.

Дар ҷамъбасти рӯзи аввали курси кутоҳмуддат музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Курси кутоҳмуддат се рўз идома ёфта, ба шунавандагони курс сертификат дода мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top