Рӯзи 18.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи таҷрибаомузӣ ва рушди касбият вохурӣ бо намояндагони бонки Имон Интернешнл баргузор гардид.
Максади асосии гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, ҷалб кардани донишҷуён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва ба кор кабул кардани донишҷӯён дар бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ мебошад.
Дар чорабинӣ намояндагони бонки мазкур Ҳасанова М.М - мутахассис оид ба кабул ва мутобиқаткунонии кормандон, Пулатова Ф.Я - мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва мутобиқаткунонии кормандон иштирок намуда, дар бораи бонк ва хусусиятҳои кор дар он тибқи рӯнамо ба донишҷӯён маълумоти муфассал доданд. Дар вохӯри донишҷуёни курси сеюми ихтисосҳои 25010402-кори бонкӣ, 25010403-андоз ва андозбандӣ, 250104-молия ва карз ва 25010801-баисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, инчунин мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва омӯзгорон иштирок доштанд.