КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ОМӮЗГОРОН

Бинанда: 178 | Санаи нашр: 22 Апрел 2025

Фаъолияти илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳо ба фаъолияти илмӣ таваҷҷӯҳи хоса дода, ҳамасола дар доираи ҳафтаи илм чорабиниҳои гуногуни илмию амалиро баргузор менамоянд.

Рӯзи 21.04.2025 кафедраи забонҳои донишгоҳ дар доираи баргузории “Ҳафтаи илм” конференсияи илмию назариявии омӯзгоронро бахшида ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” доир намуд.

Дар бахши забонҳо 19 мақолаи омӯзгорони кафедра оид ба ҷанбаҳои гуногуни омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми конференсия олимони кафедра ба музокира баромада, ба маърӯзаҳои илмии олимони ҷавон баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки мавзуъҳои ироашуда нав буда, дар онҳо навгониҳои илмӣ ба мушоҳида мерасид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top