22-юми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе - муовини сардори ХОПҲНҶ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Саидзода Баҳрулло, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Юсупов Муҳаммадҷон, сардори шуъбачаи ҷавонони ХОПҲНҶ РВКД дар шаҳри Душанбе Салимзода Меҳроб бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қайд намуданд, ки бархе аз ҷавонон ба ҷойи илмомӯзию аз худ намудани донишҳои замонавӣ, ба таассубу хурофотпарастӣ дода шуда, шомили гурӯҳу ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ гардида, даст ба ҳодисаҳои нангин даст мезананд ва обрӯю эътибори падару модар ва миллату давлати худро коста мегардонанд.
Гуфта шуд, ки яке аз омилҳои асосии шомилшавии наврасону ҷавонон ба созмонҳою ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ин гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар мадрасаҳои ғайрирасмии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Инчунин, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук, Инстаграм, Одноклассники, Ютуб ва ғайра ҷавонони ноогоҳро ба роҳҳои нодуруст ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ шомил мегардонад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ қайд карда шуд. ки ҳоло ҷаҳони муосир ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст ва баъзе аз ин хатарҳо ба кишвари азизамон - Тоҷикистон низ таъсир расонида метавонад. Аз ин лиҳоз, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида дар таълиму тарбияи фарзандон бомасъулият бошем ва дар атрофи сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, дар таъмини сулҳу субот ва ободию шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон саҳми бештар гузорем.