Санаи 22-23 апрели соли ҷорӣ кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат конференсияи илмию назариявии омӯзгоронро бахшида ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар доираи “Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” баргузор намуд, ки дар он 12 мақолаи илмии омӯзгорон баррасӣ гардид.
Баромадкунандагон муҳтавои таҳқиқоти илмиашонро дар мавзӯъҳои мубрами рӯз – менеҷмент ва маркетинги рақамӣ, тиҷорати электронӣ, низоми идоракунӣ, сифати ғизо ва бозори истеъмолӣ хеле пурмазмун, амиқ ва бо таҳлилҳои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ пешкаши иштирокчиён намуданд.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷ.Н., сардори раёсати илм ва инноватсия Султонов З.С. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Амонов С.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.