23 апрели соли 2025 дар доираи Форуми VI байналмилалии илмӣ-амалӣ ва Конфронси XI умумирусиягии донишҷӯён оид ба амнияти иқтисодӣ бо иштироки донишҷӯёни ДДТТ ва 11 донишгоҳи кишварҳои ИДМ (ба тариқи маҷозӣ) чорабинии илмӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар ду бахш сурат гирифт:
Бахши якум: Танзими хавфҳои бонкӣ дар шароити тағйирёбии бозори молиявӣ. Модератор: Сафарова Муборак;
Бахши дуюм: Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон. Модератор: Холаҳмади Сайалӣ.
Ба сифати коршинос профессорон Раҷабов Р.Қ., Саидова М.Х., дотсентон Машокиров Ҷ.Н., Султонов З.С., Дустматов Б.М. ва Халимов Л.М.
Дар ҳар ду бахш донишҷӯён маърӯзаҳо намуда, доир ба ҳаллу фасли мавзуъҳои матраҳгардида фикру андешаҳояшонро баён намуданд. Аз рӯи натиҷаи арзёбии коршиносон беҳтарин бмаърӯзаҳо муайян гардида, бо диплому шаҳодатномаҳо қадрдонӣ мегарданд.