Санаи 24-уми апрели соли 2025 дар ҳошияи ҳафтаи илм дар кафедраи фаъолияти бонкӣ конфронси илмию назариявии омӯзгорон бахшида ба солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" баргузор шуд, ки дар он ҳайати устодони кафедра бо маърӯзаҳои пурмазмун роҷеъ ба Нақши низоми бонкӣ, интиқоли маблағҳо, рушди экосистемаи бонкӣ, кифоятии сармояи бонк, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар мавзуъҳои мубрам суханронӣ намуданд.