КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ

Бинанда: 307 | Санаи нашр: 25 Апрел 2025

Санаи 23.04.2025 конференсияи илмию назариявии омӯзгорони кафедраи фаъолияти гумрукӣ бахшида ба солҳои 2025-20230 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорони кафедра бо маърузаҳои пурмуҳтавои самти фаъолияти гумрук суханронӣ намуданд.

Дар бахши фаъолияти гумрукӣ 8 мақолаи омӯзгорони кафедра мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки масъалаҳои зеринро дарбар мегирифт:

  • роҳҳои мукаммалгардонии истифодаи низомҳои гумрукӣ дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ;
  • самтҳои асосии такмили сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди фаъолияти гумрукӣ;
  • пешгирии қочоқ ва кутоҳ кардани муҳлати барасмиятдарории гумрукӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • сиёсати гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • сифати хизматрасонии гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молҳо;
  • модернизатсияи инфрасохтори мақомоти гумрук дар шароити иқтисодиёти рақамӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top