25-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинзода Нуриддин ва Шамсиддинзода Насим бо доираи васеи омӯзгорон, мудирони кафедраҳо, деканони факултетҳо ва сардорони раёсатҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Абдукарим Қурбонов - муовини якум, муовини ректор оид ба таълим оғоз намуда, меҳмонро хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамчун амали ба ҷомеа ва давлат хавфдошта инкишофи муътадили соҳаҳои идоракунии давлатро халалдор намуда, дар маҷмӯъ монеаи рушду тараққиёти ҷомеа мегардад.
Сипас, корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфиддинзода оид ба пешниҳоди Агентӣ дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, Сайфиддинзода Нуриддин қайд намуд, ки моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” як қатор мамониатҳоро муайян намудааст, ки дар мавриди мавҷуд будани ин мамониатҳо, шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб карда шавад.
Инчунин, гуфта шуд, ки аз ҷониби шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, пешбарӣ ва таъин шудан ба мансаб ба сифати шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, дар сурати мавҷуд будани мамониатҳо барои ишғол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд ва ё дидаю дониста риоя накардани онҳо тибқи талаботи моддаи 24 ҳамин Қонун, ҳамчун ҳуқуқвайронкуниҳои барои коррупсия шароит бавуҷудоваранда эътироф гардида, агар дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд набошад, боиси ҷазои интизомӣ мегардад.
Дар хотимаи вохӯрӣ Абдукарим Қурбонов ба намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳангоми таъину интихоб ба мансаб ва ҷобаҷогузории кадрҳо талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”-ро ба роҳбарӣ гирифта, онро пурра риоя менамояд.