Санаи 29-уми апрел дар факултети молия ва қарз бо иштироки Сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Авғонов С.М., декани факултет Кабутзода Қ.М., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ғуломов Б.О., мудирони кафедраҳо ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ шурои навбатии сарпарастон баргузор гардид.
Сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Авғонов С.М. баромад намуда, қайд кард, ки давомоти донишҷӯён ба дарсҳо беҳтар гардида, он бояд ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳ бошад. Омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бояд фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамзамон, декани факултет Кабутзода Қ.М. ва ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ғуломов Б.О. баромад намуда, нисбати иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба дарсҳо, сару либоси тавсиявӣ, пардохти маблағи таҳсил, бартараф намудани қарзҳои академӣ ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ба сарпарастони гурӯҳҳои академӣ тавсияҳои судманд доданд.
Дар фарҷом мудирони кафедраҳо ва сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ барои боз ҳам беҳтар намудани корҳои таълиму тарбия дар факултет фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.