ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДАСТАИ ДДТТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бинанда: 360 | Санаи нашр: 02 Май 2025

Рӯзи 01.05.2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар (14 донишкада ва донишгоҳ) бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Рӯзи аввали Озмун мусобиқаи байни дастаҳои амалии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни дастаи амалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин Озмун донишу малака ва касбияти баланд нишон дода, ҳамаи ҳарифони худро мағлуб гардонида, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Раёсат, аҳли омӯзгорону донишҷӯён дастаи ДДТТ-ро бо ин ғалабаи беназир табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар таҳсилу тадриси минбаъдаашон комёбиҳо хоҳонанд.

Муборак бошад донишҷӯёни азиз, мо бо шумо ифтихор мекунем!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top