АКСИЯИ ЭКОЛОГИИ ПОКСОЗИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Бинанда: 291 | Санаи нашр: 03 Май 2025

Санаи 3-юми майи соли 2025 омӯзгорон, кормандон ва гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар аксияи экологии поксозии муҳити зист, ки дар маҳаллаи Соҳилии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок карданд. Ин иқдом бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист мебошад.

Дар ҷараёни аксия омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён партовҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба ҷои муайян интиқол доданд. Ҳамзамон, дар бораи аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top