МУВАФФАҚИЯТИ НАЗАРРАСИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ

Бинанда: 321 | Санаи нашр: 03 Май 2025

Рӯзҳои 1-2 майи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баргузор намуд, ки дар он 120 донишҷӯ аз 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Ҳадаф аз гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндаи соҳаи андоз ва андозбандӣ ва дарёфти мутахассисони лаёқатманд буда, баргузории чунин озмун ҳамбастагии назария бо амалияро мустаҳкам менамояд.

Ғолибони озмун аз рӯи ду номинатсия - «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ-назариявӣ» муайян карда шуданд.

Дар номинатсияи «Даставӣ-амалӣ» ҷойи якум насиби дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷойи дуюм - дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ҷойи сеюм - дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гардид.

Дар номинатсияи «Даставӣ-назариявӣ» ҷойи якумро дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм дастаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор шуданд.

Рӯзи 2-юми майи соли 2025 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ғолибону ширкаткунандагони фаъол бо ҷоизаву мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top