Санаи 3-юми майи соли 2025 бо ибтикори кафедраи молия дар доираи нақша-чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Саводнокии молиявӣ” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷуён доир гардид.
Дар семинар мутахассиси идораи Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Бонки миллии Тоҷикистон Саъди Давлатов оид ба саводнокии молиявӣ маърӯза намуда, атрофи масъалаҳои банақшагирии даромаду хароҷоти оила, гурӯҳбандии даромадҳои оила аз рӯи манбаъҳои ташаккул, тақсимоти оқилонаи дороиҳои оилавӣ аз рӯи муҳиммият ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ибрози ақида намуд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ — ин баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, истифодаи инфрасохтори хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷалби донишҷӯёну мутахассисони соҳа ба муҳокимаи масъалаҳои молиявӣ мебошад.