ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ АЗ ҶОНИБИ ҶАВОНОН

Бинанда: 348 | Санаи нашр: 06 Май 2025

Рӯзи 03.05.2025 вохӯрии Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдулло Олимбек бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон” баргузор гардид.

Нахуст, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки имрӯз тибқи нақша вохӯрии намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷуёни донишгоҳ мегардад.

Дар оғози суханронӣ Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдулло Олимбек нуктаҳои зерини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дод:

• масъалаҳои таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

• нақши қонун дар рушди ҷомеа ва давлатдории миллӣ;

• мубориза бо ҷинояткорӣ, экстремизм ва коррупсия;

• тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандӯстии ҷавонон;

• аҳамияти забони давлатӣ, фарҳанг ва мероси миллӣ;

• риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон.

Баъдан Амирзода Абдулло Олимбек оид ба хатарҳои эҳтимолии терроризм ва экстремизм, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон, бартарафсозии камбудию норасогиҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун, тарбияи маънавии ҷавонон ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, вазифаи умумии ҷомеа буда, донишҷӯён ҳамчун насли созанда бояд дар ин ҷода пешсаф бошанд.

Инчунин гуфта шуд, ки масъалаи таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳои ҷумҳурӣ бо неруи барқ, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирии талафоти неруи барқ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Амирзода Абдулло Олимбек иштирокчиенро огоҳ намуд, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии неруи барқ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар фарҷом иштирокчиён ба намояндаи Прокуратураи генералӣ саволҳо дода, ба онҳо посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top