Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ҳамаи шуморо бо 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми олмон, ки дар арафаи таҷлили бошукуҳи он қарор дорем, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ҳар қадар, ки аз анҷоми даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият, яъне Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳу солҳои зиёд сипарӣ мешаванд, бузургӣ ва шаҳомати он бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад.
Олмони фашистӣ, ки мақсадаш ҳукмрони ҷаҳон шудан буд, баъди ишғоли давлатҳои Аврупо субҳи 22-юми июни соли 1941 бо қувваи зиёд, аз ҷумла 190 дивизия бо ҳисоби 5,5 миллион нафар афсару сарбоз, беш аз 47 ҳазор аслиҳа ва минамёт, қариб 5 ҳазор тайёраи ҳарбӣ, 3,7 ҳазор танк, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Ҳол он, ки байн олмони фашистӣ ва Иттиҳоди Шуравӣ соли 1939 шартномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба имзо расонида шуда буд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар рӯи замин дар таърихи башарият арзёбӣ мегардад. Дар ин ҷанг 72 давлати хурду бузурги ҷаҳон иштирок намуда, амалиётҳои ҳарбӣ дар 40 давлати дунё рух доданд. Дар майдонҳои ҷанг зиёда аз 110 миллион афсарону сарбозон сафарбар гардида, беш аз 30% онҳо ба ҳалокат расиданд. Танҳо аз Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз 27 миллион афсарону сарбозон ҷону худро аз даст доданд. Зарари умумии ин ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Фашистони немис мехостанд, ки дар муддати ду моҳ қӯшунҳои Шӯравиро шикаст дода, сарзамин ва мардуми онро зери итоати худ қарор диҳанд, вале муттаҳидӣ ва дӯстиву бародарии халқияту миллатҳои давлати Шӯравӣ нияти нопоки онҳоро барбод дод. Маҳз дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамзистӣ, сидқан дӯст доштани Ватану ватандорӣ ва қадру арзиши зиёд доштани сулҳу субот буд, ки лашкари тавонои гитлерӣ шикаст хӯрда, ғалабаи комил ва саросарӣ ба мардуми Шӯравӣ муяссар гардид.
Дар ин ҷанг аз Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш ба 1,5 миллион нафар мерасид, 300 ҳазор нафар иштирок доштанд ва мутаассифона 92 ҳазори он аз майдони ҷанг бар нагашт.
Ҳазорҳо нафар ҷавонписарону духтарон ва калонсолон аризаи ихтиёран ба ҷанг рафтанро навишта буданд. Танҳо соли 1941-ум 10 ҳазор кас ихтиёран ба фронт рафта, шуҷоату корнамоиҳои бемисл нишон доданд.
Боиси ифтихор аст, ки фиристодагони Тоҷикистон дар бисёр муҳорибаҳои ин ҷанг иштирок намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон бо ордену медалҳо, аз ҷумла 65 нафар ба гирифтани унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва 21 нафар ба 3 ордени “Шараф” мушарраф гардидаанд.
Алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагӣ 17 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳама куҳансолтарини онҳо ба синни мубораки 112 солагӣ расидааст.
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Маврид ба зикр аст, ки омӯзиши садоқату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо барои наврасону ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватан намунаи ибрат ва дастури зиндагист. Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори дигар дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии халқҳоро нишон дода, ба насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, талошу ҷоннисориҳо баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳимоят аз марзу буми кишварро омӯзонд.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз доштанд: “Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад”.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нисбаташон ғамхорӣ менамоянд.
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум фаромӯш намегардад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки дар саросари олам, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмрон бошад.
80 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак бошад!