ДОНИШҶӮИ ДДТТ - ҶОИЗАДОРИ DUSHANBE GRAND SLAM 2025

Бинанда: 370 | Санаи нашр: 06 Май 2025

Мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо як шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуд, ки дар он 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Дастаи ҷудокорони Тоҷикистон бо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷойи аввалро ишғол намуд.

Ин ғалаба нишондоди таърихӣ барои ҷудокорони тоҷик маҳсуб ёфта, аз рушди ин навъи варзиш дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ донишҷӯи курси якуми ихтисоси 260203 – маркетинги ДДТТ Бобокалонов Ёсин Нуралиевич дар вазни то 66 кг моҳирона ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ Ёсин Бобокалоновро бо ин дастоварди бузург табрику таҳният гуфта, ба ӯ саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи таълимию варзишиаш муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоянд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top