ФОРУМИ ШАҲРӢ ТАҲТИ УНВОНИ "СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР НИЗОМИ МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ: ВАЗЪ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО"

Бинанда: 223 | Санаи нашр: 28 Май 2025

27-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Форуми шаҳрӣ таҳти унвони “Сиёсати давлатии ҷавонон дар низоми муассисаҳои олии таълимӣ: вазъ, мушкилот ва дурнамо” доир гардид.

 Дар Форуми мазкур ректорон директорон, муовинони ректорону директорон, сардорони шуъбаҳои таълиму тарбия, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, раисони созмонҳои ҷавонони факултетҳои донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳо иштирок намуданд.

 Инчунин, дар ин Форум ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назарзода Хайрулло Холназар, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Самиъало Асадулло ва муовинони деканҳои факултетҳои донишгоҳ оид ба тарбия ширкат варзиданд.

 Дар фарҷоми чорабинӣ якчанд Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд, саҳмгузорӣ дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top