КОНФЕРЕНСИЯИ II БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ: “РУШДИ БОЗОРИ СУҒУРТАИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ"

Бинанда: 260 | Санаи нашр: 30 Май 2025

30-юми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи II-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди бозори суғуртаи мамлакатҳои ИДМ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” баргузор гардид.

 Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, олимону муҳаққиқон аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд. Конференсия бо мақсади баррасии масъалаҳои мубрами рушди бозори суғурта дар шароити иқтисоди рақамӣ, мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва амалӣ ташкил карда шуд.

 Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт.

 Сипас, тибқи барномаи конференсия олимон ва мутахассисони соҳа бо мавзуъҳои зерин суханронӣ намуданд:

 Писаренко Жанна Викторовна – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии хатарҳо ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар мавзуи «Истифодаи механизмҳои суғуртавӣ барои таҳияи назарияҳои муосири идоракунии хавфҳои техногенӣ: таҷрибаи Чин ва имконияти татбиқи он дар Тоҷикистон»;

 Шамсуддинов Баходир Рахимович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек дар мавзуи “Бозори суғуртаи ҳаёт дар Ӯзбекистон: вазъи муосир, мушкилот ва дурнамои рушд”;

 Хайдаров Саидмухтор Джафарович., директори генералии ҶДММ “Ширкати суғуртавии Меҳнат” дар мавзуи “Insurtech – ояндаи рушди бозори суғуртаи Тоҷикистон”;

 Цыганов Александр Андреевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи суғурта ва иқтисодиёти соҳаи иҷтимоии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои татбиқи рейтингҳои ESG ва ЭКГ дар бозори суғуртаи Россия”;

 Новиков Владимир Викторович, номзади илмҳои физикаю математика Раиси раёсати ассотсиатсияи гилдияи актуарҳои Федератсияи Россия дар мавзуи “Актуарҳо ва андеррайтинг – шарикӣ ё рақобат?”;

 Улуғхоҷаева Хосият Рауфовна – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Масъалаҳои такмили низоми андоз дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт”;

  Шоназарзода Нигора – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Низоми суғуртаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва тавсияҳо”.

 Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои мубрами рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи суғурта (Insurtech), истифодаи рейтингҳои ESG ва ЭКГ , нақши актуарҳо ва мушкилоти андозбандӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт муҳокима гардиданд.

 Дар анҷом ба иштирокчиёни конференсия сертификатҳои курсҳои такмили ихтисос супорида шуда, акси хотиравии гурӯҳӣ гирифта шуд. Иштирокчиён омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва амалӣ изҳор намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top