Санаи 29-уми майи соли 2025 дар толори бинои IT Park Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони сохтору муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ ва мақомоти дахлдори соҳавӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Асадуллозода С. ва омӯзгори ҷавон Басира Б. дар форум иштирок намуда, бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии пойтахт аз наздик шинос гардиданд.
Дар доираи форуми мазкур иштирокчиён аз корхонаи саноатии «Сиёма» ва «Гулистони Душанбе», инчунин хизматрасониҳои рақамӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.