Санаи 2 – юми июни соли 2025 дар толори IT PARK DUSHANBE - Маркази технологияҳои пешқадами шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси омӯзишии “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” - ро, ки давоми нимсоли охир 110 нафар фаъолҷавононро аз сафҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт ба омӯзиш фаро гирифта буд, доир намуд.
Боиси ифтихор аст, ки Уринбаева Зулфина — донишҷӯи курси якуми ихтисоси 960101-хадамоти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баъд аз хатми бомуваффақияти курс дар фазои тантанавӣ бо Шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида шуд.