Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2025, №6 ва фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05.2025, №192/уи ба номзали илмҳои иқтисодӣ, декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хоҷазода Диловар Хайруддин унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Иқтисодиёт” дода шуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои ноил шудан ба унвони илмии дотсент табрику муборакбод намуда, ба ӯ тансиҳатӣ ва муваффақиятҳои нави илмиро таманно менамоянд.