КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “РУШДИ МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ВА МАРКЕТИНГИ РАҚАМӢ”

Бинанда: 158 | Санаи нашр: 05 Июн 2025

4-уми июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Рушди менеҷменти инноватсионӣ ва маркетинги рақамӣ” бо иштироки коршиносон, олимон, унвонҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки дар ҳамоиши имрӯза масоили мубрами менеҷмент ва маркетинг дар шароити ҷаҳонишавӣ, моликияти зеҳнӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, стратегияи рушди маркетинги рақамӣ, рушди иқтидори кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ташаккули технологияи рақамӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ баррасӣ карда мешаванд.

Сипас, ректори Донишгоҳ профессор Назарзода Хайрулло Холназар сухани шодбошӣ гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси татбиқи барномаву консепсияҳо ва стратегияҳои миллӣ босуръат рушд карда истодааст. Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ба маҳорату иқдомҳои созанда, ташаббусу пайгириҳо, хираду тафаккур, меҳру садоқат, ояндабинии нек ва мактаби идоракунии нодири Сарвари маҳбуби миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 зикр намуданд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд”.

Менеҷменти инноватсионӣ бояд технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинсозӣ ва дигар технологияҳои инноватсиониро ба равандҳои тиҷорат ва стратегияҳои маркетинг фаъолона татбиқ намояд.

Маркетинги рақамӣ яке аз соҳаҳои ояндадори иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, ҳангоми таҳияи стратегияи илман асоснок бисёр афзалиятҳоро барои ширкатҳои бузурги ватанӣ таъмин менамояд.

Мавсуф қайд намуд, ки конференсияи имрӯза ба масъалаҳои мубрами рушди менеҷменти инноватсионӣ ва маркетинги рақамӣ бахшида шудааст ва мо боварӣ дорем, ки он дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои мутахасисони соҳа манфиатовар хоҳад буд.

Сипас, тибқи барномаи конференсия маърӯзаҳои олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои зерин шунида ва баррасӣ карда шуданд:

  • Муртазозода Ораз, н.и.и., дотсент, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Ташаккулёбӣ ва рушди низоми миллии инноватсионӣ: ҷанбаҳои назариявӣ”;
  • Мирсаидов Саидакмал Аврорович, д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар мавзӯи “Зарурияти такмили низоми менеҷмент дар бахши соҳибкории саноатӣ”;
  • Зайнудинов Сафар, н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи тақвияти институтсионалии кишвар ва иқтисоди рақамии Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар стратегияҳои маркетинги муосир”;
  • Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич, д.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар мавзӯи “Менеҷменти кадрӣ ва ташаккули тафаккури рақамӣ”.

Дар идомаи конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров, д.и.и., профессорон Ҳамидуллохон Фақеров ва Мунаввара Саидова дар музокира иштирок намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои ҷолибро оид ба мавзӯи матраҳшуда иброз намуданд.

Дар ҷамъбасти кори конференсия маърӯзачиён аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top