ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 28 | Санаи нашр: 25 Июн 2025

Санаи 25-уми июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки омӯзгорону кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи аҳамияти таърихӣ ва арзиши баланди ваҳдати миллӣ барои тоҷикону тоҷикистониён суханронӣ намуд.

Аз ҷумла, ректори донишгоҳ қайд намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки барои тамоми тоҷикону тоҷикистониён дастоварди муқаддасу нодир ва аз ҷиҳати арзиш баробар ба мафҳуми Истиқлолият мебошад, қарор доранд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки имсол 28-умин солгарди он дар саросари Ватани маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои беандоза ва гуфтушунидҳои хеле зиёд, оғоз аз моҳи апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997, яъне то ба тасвиб расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба даст омадааст, ки ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.

Ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки дар таъмини сулҳи тоҷикон хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз ҷаҳду талош, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва силсилатадбирҳои андешидаи Сарвари давлат, аз ҷумла ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули қонуни авф ва ғайра имкон фароҳам овард, ки беш аз як миллион фирорӣ ба Ватан баргашта, сулҳу субот ба тадриҷ дар кишвар таъмин карда шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти беандоза доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз доштанд: “Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт”.

Хайрулло Холназар, маҳз пойдории сулҳу субот ва рӯз аз рӯз мустаҳкамтар гардидани ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз кишвари мо - Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун мамлакати сулҳдӯсту сулҳхоҳ ва пешрафта дар саросари олам мешиносанду эътироф мекунанд. Пешрафти мамлакат, ободиву шукуфоии Ватан ва дастовардҳои азиме, ки тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар насибамон гардидааст, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдому ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба даст омадаанд, ки мо тоҷикону тоҷикистониён аз он ифтихор мекунем.

Вале ин ҳама пешрафт ва ободию шукуфоии кишварро бархе аз хоинону душманони давлату миллат нодида гирифта, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишварамонро халалдор созанд. Бадхоҳони миллат аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони ноогоҳу бесаводро ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ ҷалб намоянд.

Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат, бахусус мову шумо - омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ тарбия намоем, то ин ки онҳо ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшишу ғайрат ва донишу малакаи касбиашонро танҳо баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии Ватан, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдати миллӣ равона созанд.

Сипас, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҷаъфар Неъмонов дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар фарҷоми ҳамоиш муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Бойалӣ Ҳусейнов дар музокира иштирок намуда, иброз доштанд, ки сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top