Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аҳли кормандону собиқадорони соҳаи кооператсияи матлубот ва омӯзгорону кормандони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи байналхалқии кооператсия самимона шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияти меҳнатиашон барору комёбӣ таманно менамояд.
Иди касбии матлуботчиёнро, ки бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16-уми декабри соли 1992, №47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ тасдиқ гардидааст, кормандони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ҳамасола шанбеи аввали моҳи июл дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд. Имсол иди касбии кормандони соҳаи кооператсияи матлубот ба 5-уми июли соли 2025 рост меояд.
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятию хоҷагӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ нақшу мақоми хосса дошта, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми беназир гузошта истодааст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолии деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст.”.
Имрӯзҳо кооператорони тоҷик дар баробари кормандони дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар таъмини рушди босубот ва устувори иқтисоди миллӣ саҳми арзишманд гузошта, Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои соҳа ҷиҳати амалигардонии сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, Шуро ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, инчунин таъмини рушд ва пойдории соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, татбиқи вазифа ва дастуру супоришҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (28 декабри соли 2024) зикр гардидаанд, бомаром амалӣ намуда истодааст.
Воқеан, соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми назаррас дорад.
Раёсати донишгоҳ бори дигар Иди касбии матлуботчиён - Рӯзи байналхалқии кооператсияро ба аҳли кормандону собиқадорони соҳаи кооператсияи матлубот табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат, сарфарозию саодатмандӣ ва дар фаъолияташон, ки бениҳоят заҳматталаб ва масъулиятнок аст, дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамояд.