1-уми сентябри соли 2025 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2025-2026, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро аз номи Раёсати донишгоҳ ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Хайрулло Холназар аз ҷумла иброз дошт, ки Рӯзи дониш воқеан ҳам иди илму маърифат ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, ки рушди босуботи он пешрафту шукуфоии мамлакатро таъмин менамояд, ҷараён мегирад.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, “Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст”.
Сипас, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ шодбош гуфта, иброз намуд, ки воқеан ҳам, пешрафти миллату давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, мову шумо профессорону омӯзгорони арҷмандро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, дар пешрафт ва шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳиссагузор бошем.
Боварӣ дорам, ки гуфт дар хотимаи суханаш Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус суханрониашон бо кормандони соҳаи маориф ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар амалӣ намудани онҳо саҳми муносиб мегузоранд.