Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2025-2026, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, саодати рӯзгор ва дар касбу коратон барору комёбӣ орзу менамояд.
Рӯзи дониш воқеан ҳам иди илму маърифат ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, ки рушди босуботи он пешрафту шукуфоии мамлакатро таъмин менамояд, ҷараён мегирад.
Ҳамкасбони гиромӣ! Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, “Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст”.
Воқеан ҳам, пешрафти миллату давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, мову шумо профессорону омӯзгорони арҷмандро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, дар пешрафт ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзишманд гузорем.
Мусаллам аст, ки ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Зеро сулҳ барои тамоми инсонияти тараққипарвар, бахусус, мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронид, азизу муқаддас аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таъмини сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон нақш ва саҳми беандоза доранд, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд”.
Итминон дорам, ки шумо профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус мулоқоташон бо кормандони соҳаи маориф ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2025-2026, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар амалӣ намудани онҳо саҳми муносиб мегузоред.
Бори дигар Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш ба якояки шумо профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз муборак бошад!