ДАРСИ КУШОДИ САРПАРАСТӢ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 04 Сентябр 2025

Санаи 03 сентябри соли 2025 дар факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни донишҷӯён, дарси кушоди сарпарастӣ бо иштироки садорати факултет, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дарси сарпарастӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуда, оид ба роҳҳои рушди давлатдорӣ, дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ маърӯза карда шуд.

Дарси кушод бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баргузор гардида, дар баланд бардоштани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон нақши назаррас гузошт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top