СЕМИНАРИ ИЛМӢ - ОМӮЗИШӢ

Бинанда: 94 | Санаи нашр: 04 Сентябр 2025

Санаи 04 сентябри соли 2025 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинар устодон ва донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок намуданд. Дар ҷараёни он маърӯзаҳои илмӣ оид ба нақши Истиқлолият дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди худшиносиву худогоҳии ҷомеа, таҳкими ваҳдату суботи сиёсӣ ва дастовардҳои илмиву фарҳангӣ пешниҳод гардиданд.

Иштирокчиён, инчунин масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосирро, ки ба ҳифзи Истиқлолият ва суботи миллӣ таъсир мерасонанд, мавриди муҳокима қарор дода, фикру андешаҳои худро оид ба баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ироа карданд.

Семинари мазкур барои васеъ намудани ҷаҳонбинии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон аҳамияти хоса дошта, ба ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мусоидат намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top