Санаи 3-юми сентябри соли 2025 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявӣ -озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва “Фарзанд- боғи падару модар” ҷамъбаст карда гардид, ки дар катори фаъолзанони дигар вазорату корхонаҳо бонувони донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Ҳадафи баргузории ин озмунҳо баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати ҳамсарон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, зебоипарастию меҳнатдӯстӣ мебошад.
Дар доираи талаботи озмуни «Беҳтарин ҳамсар» ба мардҳо афзалият дода мешавад. Марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, дар самти маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳм гузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ ба аҳли толор манзур карда шуд.