Санаи 06 сентябри соли 2025 бо иштироки доираи васеи кормандону донишҷӯён ва сокинони хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналу ҷӯйборҳо, майдончаҳои варзишӣ, дохилу атрофи бинову иншоотҳо аксияи экологӣ баргузор гардид.