ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бинанда: 96 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2025

7-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории ин иқдом ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз ва ҳимояи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашту майдонҳо, инчунин саҳн ва атрофи биноҳои донишгоҳ мебошад.

Дар ҷараёни шанбегӣ омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён корҳои гуногуни ободонӣ, аз ҷумла тозакорӣ, шаклдиҳӣ, батартибдарорӣ ва сафедкунии танаи дарахтон, ниҳолҳои ороишӣ ва сабзазорҳои гирду атрофи донишгоҳро ба анҷом расониданд. Инчунин, қисматҳои алоҳидаи девор ва инфрасохтори дохили ҳудуди донишгоҳ рангубор карда шуданд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки чорабиниҳои экологиву тарбиявӣ минбаъд низ ба таври мунтазам бо иштироки фаъолонаи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён роҳандозӣ карда мешаванд. Чунин иқдомҳо ба ободонии муҳити таълимӣ, боло бурдани ҳисси масъулияти иҷтимоии ҷавонон ва ташаккули фарҳанги экологӣ мусоидат менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top