ҲАМОИШИ ФАЪОЛҶАВОНОН

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 16 Сентябр 2025

         16 - уми сентябри соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши фаъолҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони “34 - соли созандагиву ободкорӣ бо Пешвои миллат” баргузор гардид.

         Нахуст иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши дастовардҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дидан намуда, аз фаъолияти донишгоҳ дар самти таълиму тарбияи ҷавонон, фарогирии онҳо ба касбу ҳунарҳои муосир ва имконияту шароити он аз наздик шинос шуданд.

         Дар ҳамоиши мазкур Аҳмадзода Оятулло - раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Раҳимзода Шоҳзод Абдуфаттоҳ -муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Назарзода Хайрулло Холназар - ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва омӯзгорону фаъолонҷавон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҳамоиши фаъолҷавонони ноҳияи Фирдавсиро таҳти унвони “34 - соли созандагиву ободкорӣ бо Пешвои миллат” ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ мешавад ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр мегарданд.

         Имрӯз бо ифтихор метавон иброз дошт, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

         Дар ин замина, Аҳмадзода Оятулло - раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Раҳимзода Шоҳзод Абдуфаттоҳ - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Назарзода Хайрулло Холназар - ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба дастгириҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки идома бахшидани сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» ва дар роҳи расидан ба ин ҳадаф ҳарчи бештар фароҳам овардани шароит ва заминаву имкониятҳои мусоид барои рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор рафта, татбиқи босамари он ҳамчун кафолати дастёбӣ ба ҳадафҳои барномавии ҳизб арзёбӣ мегардад.

         Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор омӯзгорон ва ҷавонони фаъол бо ифтихорномаю сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” сарфароз гардонида шуданд.

         Инчунин, ба ҷавононе, ки ба тозагӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” шомил шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои онҳо супорида шуданд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top