СЕМИНАРИ ТАЪЛИМӢ – МЕТОДӢ

Бинанда: 27 | Санаи нашр: 17 Сентябр 2025

Рӯзи 16-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим семинари таълимӣ-методӣ дар мавзӯи «Лексия ва машғулиятҳои амалӣ: усулҳои муосир ва талаботи асосӣ дар таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид, ки он ба масъалаҳои калидии такмили раванди таълим ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон бахшида шуд.

Дар семинар таъкид гардид, ки такмил додани шакл ва мазмуни лексияҳо, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар машғулиятҳои амалӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи маорифи кишвар ҷавобгӯ мебошад. Бояд гуфт, ки ин мавзуъ дар заминаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш (30 августи соли 2025) роҳандозӣ гардид, ки дар он зарурати густариши технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи педагогикаи ҳамкорӣ ҳамчун воситаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот таъкид шуда буд.

         Маърӯзачиён ва музокирачиён таъкид намуданд, ки истифодаи усулҳои интерактивӣ, технологияи рақамӣ ва ҳамгироии педагогикаи ҳамкорӣ имконият медиҳад ки:

  • самаранокии лексияҳо баланд бардошта шавад;
  • фаъолияти эҷодӣ ва ҷалби донишҷӯён афзоиш ёбад;
  • малакаҳои амалӣ ва таҳлилӣ-танқидии донишҷӯён рушд ёбанд;
  • сифати тайёр намудани мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардад.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин семинарҳо барои таҳкими низоми таълим, татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва мутобиқсозии фаъолияти таълимӣ ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top