ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК!

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 18 Сентябр 2025

ХУШХАБАР!!!

 

 18-уми сентябри соли 2025 дотсенти кафедраи фаъолияти гумрук Раҷабова Нурҳаёт Раҷабовна рисолаи докториро дар мавзӯи “Совершенствование организационного механизма оказания услуг таможенной экспертизы товаров: теория, методология и практика (на материалах Республики Таджикистан)” дар Шурои диссертатсионии 99.2.129.03 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.3 - Иқтисоди минтақавӣ ва соҳавӣ (иқтисоди бахши хизматрасонӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.

 Ҳимояи рисолаи доктории Раҷабова Нурҳаёт Раҷабовна дар сатҳи баланди илмӣ доир гашта, дар кори он аъзоёни Шурои диссертатсионӣ ва докторон, профессорон, номзадони илм, дотсентон, муҳаққиқон, докторантон ва омӯзгорони ҷавон ширкат намуданд.

 Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон ва кормандони донишгоҳ Нурҳаёт Раҷабовнаро барои ҳимоя намудани рисолаи докторӣ табрику муборакбод намуда, барояш саломатӣ, хушбахтӣ ва дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.

 

Раёсати илм ва инноватсия!

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top