СЕМИНАРИ ИЛМӢ

Бинанда: 39 | Санаи нашр: 14 Октябр 2025

          Санаи 14.10.2025 бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи соҳибкорон семинари илмӣ дар мавзӯи “Соҳибкорӣ – омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ” баргузор гардид.

          Семинар бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ н.и.и., дотсент Комилҷон Алимов оғоз гардида, дар он н.и.и., дотсентон Исматулло Исматуллоев дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ”, Саидмухтор Мухторзода дар мавзӯи “Соҳибкории тиҷоратӣ ва самтҳои такмили он дар шароити муосир” ва Комилҷон Алимов дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

      Дар ҷамъбасти семинари илмӣ профессор Мунаввара Саидова ва дотсент Бойалӣ Ҳусейнов дар музокира иштирок намуда, фикру андешаҳояшонро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top